Облоқул Мўсоев сармуҳаррири рӯзномаи "Суғд ҳақиқати" таъин гардид

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2025 Мўсоев Облоқул Садриддинович сармуҳаррири нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - "Суғд ҳақиқати" таъин гардид. 

Мўсоев Облоқул Садриддинович 19 марти соли 1979 дар деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. 

Хатмкардаи Коллеҷи педагогии ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, фаъолияти худро дар рӯзномаи "Зарафшон"-и шаҳри Панҷакент оғоз бахшидааст.

Соли 2013 ба ҳайси хабарнигори нашрияи «Суғд ҳақиқати» ба кор қабул шуда, аз соли 2017 то соли 2024 дар вазифаи котиби масъули рӯзномаи мазкур кор кардааст. 

13 ноябри соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» таъин шуд. 14 феврали соли 2025 бо қарори Раиси вилояти Суғд сармуҳаррири рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» таъин гардид.

Мўсоев Облоқул Садриддинович бо нишони сарисинаги «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ӯ аъзои Конфедератсияи байналмилали Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ мебошад.