12 феврали соли 2025 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, Абдурашид Ҷалилзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДИС ДДТТ дар соли 2024 маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар донишкада 826 адад компютери замонавӣ, 82 адад ноутбук, 111 адад принтер, 41 адад тахтаи электронӣ, 22 адад экран барои проектор, 113 адад проектор, 178 адад камераи мушоҳидавӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ бо шабакаи Wi-Fi таъмин карда шудаанд.
Ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаи алоҳида иборатанд, аз ҷумла, аз рӯи ду ихтисос гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ташкил карда шудааст.
Инчунин дар донишкада се китобхона - анъанавӣ ва электронӣ, толори интернет, ду бонки таълимӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ утоқи лингофонӣ, Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ дорои лабораторияҳои барномасозӣ, инҷенерияи рақамӣ ва WEB – дизайн, студияи сабти машғулиятҳои аудио-видеоӣ, ду маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, се толори конференсия, ду майдончаи варзишии замонавӣ ва ду адад толори фитнес, се адад Парки технологӣ, се адад ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
Ҳамаи биноҳои донишкада дар давраи сармо тариқи шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада аз 212 нафар иборат буда, 12 нафари онро докторони илм, 92 нафар номзадҳои илм, 4 нафар докторанти PHD аз рӯи ихтисос ташкил менамояд, ки 50,9% онҳо соҳиби дараҷаҳои илмӣ мебошанд.
Соли 2024 ба ҳамаи зинаҳои таҳсилоти донишкада 1413 нафар дохил гардиданд, ки нисбат ба давраи гузашта 353 нафар зиёд мебошад. Нақшаи қабул дар зинаи бакалаври шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ 1385 ва иҷроиш 1341 нафарро ташкил дод, ки он ба 96,3 % баробар мебошад.
Дар донишкада таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, таълими 11 адад гуруҳҳои академӣ аз рӯйи ду ихтисос бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли 2024 донишкадаро 760 нафар бомуваффақият хатм намуда, 50 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд. Соли 2024 тибқи маълумотҳои оморӣ 630 нафар ё худ 82,89%- и хатмкунандагон соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардиданд.
Соли 2024 шумораи созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Аврупо, Чин, ИМА 90 ададро ташкил намуд. Дар ин давра 27 нафар омӯзгорони донишкада ба мубодилаи академӣ ва омӯзиш дар хориҷи кишвар фаро гирифта шуданд. Ба 12 нафар омӯзгорон дар доираи барномаи Эрасмус+ ба микдори умумии 24300 евро ҳамчун стипендия аз ҳисоби шарикони рушд пардохт карда шуд.
Соли 2024 аз ҳисоби донишҷӯён 28 нафар ба мубодилаи академӣ ва омӯзиш сафарбар карда шуданд. Ҳаҷми умумии стипендияҳои пардохтшуда аз ҳисоби барномаи мубодилавии Эрасмус+ 45130 евроро ташкил намуд.
Сипас, рӯзноманигорон саволҳои хешро перомуни робитаҳои байналмилалӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти парки технологӣ, таҳсили донишҷӯён аз хориҷи кишвар, нақшаи дурнамо, бунёди бинои нави таълимӣ, иҷроиши нақшаи қабул, таъсиси ихтисосҳои нав, баланд бардоштани маоши омӯзгорон, рақобатпазирӣ байни муассисаҳои олии кишвар, омӯзиши забонҳо ва ғайра баён дошта, посухҳои муфассал гирифтанд.