11 март Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад

11 март дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Тибқи ин қарор шуъбаҳои иттилоотию таҳлилӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои хубу хотирмон гузаронидани Рӯзи матбуот тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо ва як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла аёдати собиқадорони матбуот ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз дар ин сана яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии миллати мо ба вуқуъ пайваста, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ нашр гардидааст.