Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии "Шоҳон" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази хизматрасонии “Шоҳон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази хизматрасонии “Шоҳон” бо ибтикори соҳибкор Комилов Шаҳриёр бунёд гардида, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум ҳаммом ва дар ошёнаи дуюм тарабхона ҷойгир карда шудааст.

Дар назар аст, ки дар маркази хизматрасонӣ зиёда аз 25 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда шаванд.