10 феврали соли 2025 тибқи нақшаи кории Комиссияи ҳавзаи якмандатаи “Истаравшан” №23 барои интихоби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан мулоқоти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бо интихобкунандагон доир гардид.
Чорабиниро муовини раиси Комиссияи ҳавзавӣ Мадина Ашурова ифтитоҳ кард.
Сипас, дар назди интихобкунандагон номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумуҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода баромад карда, роҷеъ ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба интихобкунандагон иттилоъ доданд.
Дар идома, баъди муаррифии ҳолнома, номзадҳои бақайдгирифташуда Шуҳрат Аҳрорзода, Рустам Исмоилов ва Саъдулло Махкамов баромад карда, ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии хешро муаррифӣ карданд.
Ҳамзамон, дар назди интихобкунандагон номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Истаравшан” №32 Ҷаҳонгир Салимзода баромад кард.
Баъди саволу ҷавоби интихобкунандагон бо номзадҳо мулоқот ба анҷом расид.