Барои даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 1 миллиону 478 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба имзо расид ва тибқи он барои қадршиносии ғолибону дар сатҳи баланд доир намудани озмун 1 миллиону 478 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар асоси қарор раёсатҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилооту таҳлили дастгоҳи Раиси вилоят, бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, идораи телевизион ва радиои вилоят, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор карда шудаанд.

Бояд таъкид кард, ки озмуни мазкур таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия гузаронида мешавад:

— математика (арифметика, алгебра, геометрия);

— физика ва астрономия;

— химия;

— биология (ботаника, зоология, анатомия);

— география;

— технологияи иттилоотӣ;

— зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;

— ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.