Баргузории семинари дастурдиҳӣ оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Бо мақсади иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф, инчунин таҳияи саривақтӣ ва босифати дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии  ҷумҳурӣ барои соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 ҷиҳати расонидани кумаки методӣ ва мусоидат ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд. 

Аз ҷумла, аз санаи 28 октябр то 1 ноябри соли 2024 гурӯҳи кории вазорат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташриф оварда, санаи 28 октябр дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои масъули таҳияи дурнамо аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ семинари дастурдиҳӣ доир карда шуд. 

Санаи 29 октябр чунин чорабинӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки таҳиягарони дурнамо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва Шаҳристон гузаронида шуд. 

Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи васеи гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва роҳбарону масъулини таҳияи дурнамо аз сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо роҳбарии муовинони сарпарасти раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.   

Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби намояндагони вазорат дурнамои тасдиқгардидаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ гардида, вобаста ба таҳияи дурнамои навбатӣ барои солҳои 2026-2028 тавсияҳои методӣ дар шакли рӯнамо манзур карда шуд.

Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ҳангоми таҳияи дурнамо барои солҳои навбатӣ ба инобат гирифтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён гардидаанд, таъкид карда шуда, дастур дода шуд, ки таъмини иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (таъмини рушди ҳамасолаи иқтисодиёти кишвар дар сатҳи на кам аз 8,0 фоиз) ва барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ афзалият дониста шаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ бобати пурра ба ҳисоб гирифтани захираву имкониятҳо, дақиқ намудани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, бо назардошти таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти вилоят, инчунин ҷиҳати дар муҳлат ва сифатнок таҳия ва пешниҳод намудани нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 дастуру супоришҳои муфид дода шуд.

Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги вилояти Суғд хабар доданд.