Мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ниёз Ниёзов ва Ҷаҳонгир Ҷабборов бо интихобкунандагон

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбарияти вилоят имрӯзҳо мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо интихобкунандагон доир шуда истодааст.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо бо ҳузури вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Оббурдон», №51 Ниёз Ниёзов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва толори Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Ёва», №67 Ҷаҳонгир Ҷабборов дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар мулоқот бо ёдоварӣ аз сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд, ки воқеан ҳам истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳар як сокини мамлакат бояд ба қадри он бирасад.

Дар ҳифзу нигоҳдории истиқлоли меҳан талош карда, ба қадри имкону тавон дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат имрӯзҳо мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ иқдомоти созандаро ба хотири ободии меҳан амалӣ намуда истодаанд. Тибқи нақша дар вилоят то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз ҳазорҳо иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сатҳи зиндагии садҳо нафар беҳтар гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ҳар як сокини мамлакат бояд имрӯз зери парчами истиқлолу озодӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои сарсабзии кишвар меҳнат намояд.

Вакилон бо ёдоварӣ аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки рушди саноат дар вилоят таъмин гардида, дар 7 моҳи соли 2024-ум 106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоштаанд ва соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 19 миллиард сомонӣ расонидаанд, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 7,3 баробар зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи зиёда аз 75 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ аз худ карда шуда, симои шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот дигаргун гардид.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ҳамзамон оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, амалисозии нақшаи чорабиниҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани насли наврас, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ дар вақти гузаронидани тӯю маъракаҳо, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, адои қарзи фарзандӣ ва хизмати Модар-Ватан ибрози андеша намуданд.