Хуҷанд. Ба 40 нафар бонувони ҳунарманд грант супорида шуд

20 сентябр дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманд ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд. 

Дар маросими супоридани грантҳо таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст. 

Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳо барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли ҷорӣ низ бо қарори раиси шаҳр ба 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.