Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба пешвози 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили нав дар ноҳияи Мастчоҳ иқдоми 30 рӯзи дастгирии муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гардид.
Иқдоми мазкур бо ҳадафи амалӣ кардани “Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, инчунин таҳким ва тавсеаи базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, рушди инфрасохтори технологию иттилоотӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ, рақамикунонии раванди идоракунии соҳаи маориф, таҳияи маводи таълимии рақамӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот роҳандозӣ карда шуд, ки аз ҷониби сокинони ноҳия дастгирӣ ёфт.
Дар доираи ин тадбири ватандӯстонаву маорифпарварона соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ашхоси саховатпешаву ватандӯст барои муассисаи таълимие, ки онро хатм кардаанд, ноутбук харидорӣ карда, дастраси муассисаҳои таълимӣ мегардонанд.
Аз аввали моҳи сентябр дар доираи ин иқдом то ба ҳол беш аз 70 нафар соҳибкорон ва хизматчиёни давлатӣ ба директорони муассаҳое, ки онро хатм кардаанд, як ва ду ададӣ ноутбук харидорӣ ва тақдим намуданд.
Иқдоми мазкур дар рӯҳияи баланди ватандӯстона идома дорад.