Бори аввал Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ бо номи "Озар" гузаронида мешавад

Рӯзҳои 1-3 октябри соли 2024 дар шаҳри Истаравшан якумин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” доир карда мешавад.

Дар ин бора имрӯз зимни баргузории нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ иттилоъ дода шуд. 

Дар доираи барномаи Фестивали мазкур баргузории якчанд чорабинӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла намоиши маҳсулоти ҳунармандии ҳунармандони кишварҳои узви Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ”, боздид аз мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, инчунин дигар тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар ин Фестивал 20 нафар аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, зиёда за 40 нафар ҳунармандон аз кишварҳои узви Шӯро ва 80 нафар ҳунармандон аз шаҳри Истаравшан ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.