14-уми августи соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрии муфид бо иштироки вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода Шуҳрат, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода бо доираи васеи фаъолон ва намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳр доир гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон вохӯриро ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод ва меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.
Сипас, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён ҳадаф аз гузаронидани суҳбату вохӯриҳоро таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро кори дастаҷамъӣ унвон намуд.
Дар идома, Зариф Ализода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Шуҳрат Ғанизода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Тақдиршоҳ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Шарифзода Шарофиддин сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд баромад намуданд.
Қайд гардид, ки ташаккули фарҳанг ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ масъалаи калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шуда, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки фаъолиятро дар ин самт пурра танзим менамоянд. Ҳамчунин сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд.