Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шаҳристон кумаки Ҳукумати мамлакат дастрас шуд

Ба 5 оила аз ноҳияи Шаҳристон, ки бар асари селфароӣ зарар дида буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳо дастрас карда шуд. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ба оилаҳои зарардида масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти ғизоӣ супорида шуд. 

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи сар задани офати табиӣ ба хонаҳои сокинони деҳаи Чашмасор ва Саробӣ қисман зарари ҷиддӣ расида буд.

Шахсони аз офати табиӣ зарардида маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмониро гирифта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро изҳор намуданд.