Имрӯз дар назди Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маросими оғози расмии ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш баргузор гардид.
Дар ярмарка аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш аз бозор 10-20 фисад арзон пешниҳоди сокинон гардид.
Ҳамзамон, аз ҷониби шаҳрдории Хуҷанд ба миқдори 150 адад либосҳои мактабӣ ба кўдакони камбизоат ва ятим тақдим карда шуд.
Ярмарка-фурўши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш то оғози моҳи сентябр идома меёбад.