Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов (вазни + 100 кг) соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик Анди Гранда аз Кубаро шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови ӯзбекистонӣ ғолиб омад.
Дар даври ниманиҳоӣ аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуд.
Ин дуюмин медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аст. Қабл аз ин Сомон Маҳмадбеков низ соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.