Дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ҳимматбаланд ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент имсол низ таъмиру таҷдид ва мумфарш намудани роҳҳои деҳаҳоро идома медиҳанд.
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташаббуси сокинони деҳаҳои Моғиён ва Фонӣ, саҳмгузории соҳибкорон 4,3 километр роҳҳои ҳудуди ин деҳаҳо мумфарш карда мешавад.
Соли гузашта бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои Пули Гирдоб ва Пуштакӯҳ 4,5 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шуда буд.
Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, минбаъд низ бо ташаббусу иқдоми сокинон маблағҳое, ки чанде аз сокинони хайрхоҳ барои адои маросими Ҳаҷ захира кардаанд, таъмир, шағалпӯш ва мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ идома дода мешавад.