50 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид.

Чорабинии тантанавии идонаро директори донишкада Абдурашид Ҷалилзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ДИС ДДТТ тибқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура PhD мутахассисонро тайёр менамояд. Донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, ҳадафи асосии он пеш аз ҳама ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси варзидаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва дар сатҳи баланд омўзонидани донишҳои касбӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидааст. 

Мавриди зикр аст, ки Донишкада бо 270 ташкилоту идораҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст ва хатмкунандагони он дар ин коргоҳҳои бонуфуз таҷрибаомӯзӣ намуда, ба ҷойи кори муносиб таъмин мегардаднд. 

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистратура дипломҳои аъло тақдим карда шуд.  

Мавриди зикр аст, ки имсол донишкадаро 760 нафар хатм намудаанд, ки аз ин теъдод 50 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд.