Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12,8 млрд. сомонӣ баробар шуд

Давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 12 млрд. 831 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид. 

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба миқдори 591,8 ҳазор тонна семент ва 865,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. 

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 175,4 ҳазор тонна орд, 2811,4 тонна равғани растанӣ, 19718,9 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 8111,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 8983,6 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 116,7 фоиз, равғани растанӣ 117,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 120,4 фоиз, консерваҳо 120,7 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 139,2 фоизро ташкил медиҳад.