Мусобиқа оид ба футболи хурд байни ташкилоту идораҳо ҷамъбаст шуд

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, ҷалби аҳолӣ ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Суғд аз 22 июн то 6 июли соли 2024 дар майдончаи варзишии Федератсияи футболи вилоят, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни кормандони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои вилоят ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур 10 дастаи пурқуввати вилоят иштирок намуда, тӯли се ҳафта байни ҳам қувва озмуданд.

 6 июли соли ҷорӣ бозӣ барои ҷойи сеюм байни дастаҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилоят доир гардид, ки дар натиҷа ба фоидаи ДДҲБСТ поён ёфт. 

Бозии ниҳоии мусобиқаи мазкур байни дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати тандурустии вилоят барпо гардид, ки дар натиҷа дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳисоби 3:1 ба дастаи пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медал, диплом, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми Раиси вилоят қадршиносӣ карда шуданд.