Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон оид ба шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", ки 20 июни соли ҷорӣ дар таҳрири нав қабул гардиданд машварати дастурдиҳӣ доир гардид.
Дар кори машварат хизматчиёни давлатӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Машварат таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Баҳодур Яқубзода сурат гирифта, мавсуф бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳрири нав қабул гардидани қонунҳои мазкурро заминаи мусоид дар рушди иқтисодиву маънавии оилаҳо арзёбӣ кард.
Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳмадалӣ Фозилов оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза намуда, ҳар як боб ва моддаҳои қонунро ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳ дод.
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" Фарангис Бурҳонова сармутахассис - котиби комиссияи васояту парастории шаҳр суханронӣ намуд.
Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалигардонии қонунҳои дорои хусусияти миллӣ саҳмгузорӣ намоянд.