Дар ноҳияи Айнӣ ба корҳои сохтмонии бинои нави Беморхонаи минтақавии №6 санги асос гузошта шуд. Бояд гуфт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони дараи Искандари Ҷамоати деҳоти Фондарё сохтмони бинои замонавӣ дар назди Беморхонаи минтақавии №6 оғоз ёфт. Ҳуҷҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавии бино бо фармоиши МИҲД-и ноҳияи Айнӣ аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Айнӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Масоҳати зери сохтмони бино 385,47 метри мураббаъ буда, масоҳати умумии он 572,32 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Тибқи лоиҳа бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 30 кат аст ва дар як вақт барои сокинони дараи Искандар хизмат мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 5 сол сохта ба истифода додани 595 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст.