Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд пеш аз муҳлат иҷро гардид

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд пеш аз муҳлат иҷро гардида, ҷавонон бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати Модар-Ватан рафтанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Дар бораи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят фаъолият бурда, ба нерўи ватандўстонаи ҷавонон такя намуда, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳоронаи соли 2024-умро бештар аз 100 фоиз ба иҷро расонд.

Бояд қайд намуд, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Имрӯзҳо бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати мудофиаи кишвар шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Чунин шароит насли ҷавонро водор менамояд, ки бо дарки масъулият ва ифтихор аз Ватану ватандории худ софдилона баҳри рушду нумўи кишвар, ҳимоя ва таъмини амнияти он ҷидду ҷаҳд намоянд.