Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Панҷакент доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ гузаронида шуд

Моҳи сентябр бо кормандони  беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаи тандурустӣ» суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯриҳо кормандони Агентӣ доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия маъруза намуданд.

Ҳамчунин доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуданд.

Ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ оид ба оқибатҳои зараровари кирдорҳои коррупсионӣ дастрас гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.