Ҳоло ба рӯйхати пешакии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО нуҳ ёдгории таърихиву фарҳангии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони «Зарафшон-Қароқум», аз ҷумла ёдгориҳои Ҳисорак (Кӯҳистони Мастчоҳ), Кӯҳи Муғ, Гардани Ҳисор (Айнӣ), Тали Хамтӯда, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, қалъаи Санҷаршоҳ, системаи обёрикунии Тӯхсанкорез ва Панҷакенти қадим (Панҷакент) шомил гардидаанд. Ин нукта 11 апрел зимни баргузории конфронси минтақавӣ баён карда шуд. Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Конфронси мазкур таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихиву фарҳангии долонҳои шоҳроҳи бузурги абрешим ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки ҳамасола 18 апрел гузаронида мешавад, доир шуд.



Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 133,8 ҳазор нафар, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намуданд. Ҳамзамон, дар меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо зиёда аз 92,6 ҳазор нафар табобату истироҳат карданд, ки аз онҳо наздик 11,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
