Муаррифии хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд

Дар доираи тадбирҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 19 августи соли равон иштирокчиёни хатсайри сайёҳӣ, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имконияти сайёҳии минтақаҳои шимоли мамлакат ва тақвияти сайёҳии дохилӣ ташкил карда шудааст, ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Иштирокчиёни чорабиниро, ки аз намояндагони расонаҳои хабарӣ ва вазорату идораҳо иборат буданд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва бахши рушди сайёҳӣ дар даромадгоҳи шаҳр бо расму оинҳои меҳмоннавозии хос пешвоз гирифта, ҷиҳати шиносоӣ бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳамзамон инфрасохтори сайёҳии шаҳри Истаравшани бостонӣ меҳмононро тибқи хатсайри сайёҳии дохилишаҳрӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур яке аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ гардида, дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд