Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» Конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода, ки дар ин конференсия иштирок намуд, гузориш медиҳад.
Конференсияи миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳи дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар вилояти Суғд, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки зиёда аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои Кӯли Калон, Ҳафткӯл ва дигарон мусоидат менамоянд.
Водии Зарафшон бо ёдгориҳои нодире, чун Саразми бостонию Панҷакенти Қадим ва манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои Фону кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон ва Искандаркӯл дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро шефтаву мафтун кардааст. Ба ҳавзаи Кӯли Калон кӯлҳои Душоха, Бибиҷаннат, Сиёҳ, Ҷангал дохил мешаванд, ки аз манзараҳои дилкаши водиянд. Табиати афсункори кӯлҳои Аловиддин ва атрофи он ҳар бинандаро тасхир месозад.
Дар водии дарёи Шинг кӯлҳои Марғузор ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранг ва зебоии хоси худ фарқ мекунад. Ин кӯлҳо дар ҳақиқат муъҷизаи пурасрори табиатанд ва дар мавсими гармо ба мавзеи писандидаи сайёҳони пиёдагарду кӯҳгарди дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд. Ҳамчунин яке аз иншооти ҷолиб Искандаркӯл мебошад, ки дарозиаш 5 километрро ташкил медиҳад. Қариб ду километр поёнтар аз кӯл, аз байни шахҳо, шаршарае аз баландии 30 метр ҷорист, ки ҳар сайёҳ дар орзуи дидани он аст. Ҳамаи ин дороиҳо имкон фароҳам овардаанд, ки Зарафшон на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин минтақаи сайёҳӣ шинохта шавад.
Омӯзиши захираҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят барои ривоҷ бахшидани сайёҳии табобатӣ — беҳдоштӣ иқтидори бузург дорад. Осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, “Зумрад”, “Хавотоғ” ва “Авис-сити” миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ шуҳрат доранд.
Ҳамоиши мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба имконияти қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Гулистон-Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳие, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.