
21 октябри соли 2025 Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” аз ҷониби “Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” эътироф гардид, ки ин як дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси ғании фарҳангии Тоҷикистон мебошад.
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) яке аз ниҳодҳои ЮНЕСКО буда, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад.
Созмони мазкур шаҳрҳоеро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути эътои унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.






