Дар шаҳри Истаравшан майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футбол пешбинӣ карда шуда, бо ташаббуси ду нафар сокинони маҳаллӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. 

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани он сокинони деҳоти дурдасти шаҳр имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Суғд. 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд

Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 2166,4 км роҳ аз таъмир бароварда шуд.

Тибқи нақша соли равон таъмиру тармими 2077 км роҳҳо, аз ҷумла аз таъмири асосӣ баровардани 211,1 км, гузаронидани таъмири ҷории 1085,1 км ва шағалпӯш намудани 780,8 км роҳ дар назар гирифта шуда буд.       

Бо дастгириҳои Вазорати нақлиёт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон ва сокинони ватандӯсти вилоят 2166,4 км роҳ ба таъмир фаро гирифта шуд. 

Аз миқдории умумии роҳҳои таъмиршуда 483,4 км таъмири асосӣ, 915,6 км таъмири ҷорӣ ва 767,4 км шағалпӯш гардидааст.

Суғд. 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт

Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 52 иншооти соҳаи маориф бо 7975 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҷумла дар назди 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 233 синфхонаи иловагӣ бо 6595 ҷойи нишаст ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст, инчунин 5 толори варзишӣ, 6 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда, шароити таълиму тарбия беҳтар гардонда шуд.

Бояд таъкид кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ин соҳа ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дорад.