Дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф бо 10745 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф бо 10745 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар назди 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 331 синфхонаи иловагӣ бо 9365 ҷойи нишаст, 7 толори варзишӣ, 13 майдончаи варзишӣ ва 8 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1380 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.          

Соли таҳсили 2024-2025 дар вилоят 959 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 гимназия, 28 литсей, 1 мактаби Президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо фарогирии 578310 нафар, аз ҷумла, 283763 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ба бунёди бинои иловагии Беморхонаи клиникавии рақами яки шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд

25 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои иловагии Беморхонаи клиникавии рақами яки шаҳри Хуҷанд санги асос гузошт.

Бинои иловагӣ барои 260 кат пешбинӣ гардида, аз ҳафт ошёна иборат аст. Фармоишгари иншоот, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар назди табибон ва сохтмончиён баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Хуҷанд

22 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид. 

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, бинои Суди вилояти Суғд, бинои иловагии факултаи чоруми Академияи ВКД, маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена», бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд ҷараён дорад.

Раиси вилоят зимни боздид барои суръатбахшии корҳо, ободонии ҳудуди иншооти бунёдшаванда, бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини бахши сохтмони вилоят супоришҳо дод.