Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Истаравшан

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нишондодҳои Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Истаравшан бунёди як қатор иншооти гуногун идома дорад.

7 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни бунёдкориҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Варсиқи шаҳр сохтмони бунгоҳи тиббӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа беҳтар хоҳад шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории саховатмандон бунёд гардида истодааст.

Дар деҳаи Чорбоғи шаҳр бошад сохтмони муассисаи таълимӣ иборат аз 38 синфхона идома дошта, бо ифтитоҳи он барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтарин фароҳам оварда мешавад.

Шиносоӣ бо сохтмони бинои баландоёшнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, силсилаиншооти муҳими хоҷагии халқ бунёд карда мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази шаҳр аз тарафи ҶДММ «Тоҷсохтмон» бунёди иншооти гуногунсоҳа аз қабили меҳмонхона, кӯдакистон, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот дар масоҳати 0,8 садяк замин бунёд гардида, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ то 22 ошёна қомат афрохта, аз панҷ даромадгоҳ иборат мебошад. Ҳамзамон дар ду зерқабат таваққуфгоҳ барои то 250 автомобил бунёд гардида, ҳудуди он чароғон ва камераҳои назоратӣ насб карда хоҳад шуд.

Боздиди Раиси вилоят аз Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят бо сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд шинос гардид.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 6 ошёна иборат аст. 

Бинои нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои босифат ва сари вақт иҷро намудани корҳо сохтмончиён машғули кор мебошанд. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд.