Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз” ба истифода дода шуд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргиз”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Маркази ташхису табобатии “Аксон” дар бинои сеошёна дар ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солгагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи шарикии давлатӣ ва бахши хусуси таъсис шудааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толори ҷарроҳии эндовидеоӣ, толори ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ҳуҷраҳои бистарӣ бо 72 кат мавҷуд аст.

Ифтитоҳи Маркази тибби байналмилалии “Мармед” дар шаҳри Хуҷанд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд Маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат мебошад. Муроҷиаткунандагон метавонанд дар баробари ташхису табобат ҳамзамон аз хизматрасонии ошхона ва ҳавзи шиноварӣ истифода баранд.

Дар маркази нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳо ташхису табобат ва намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм ва узвҳои дарунӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талаботи замон мутобиқ гардонидани имкониятҳоро дар соҳаи иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, ба масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисон супориш доданд, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кунанд.

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи типи нав, ки дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва фарогирии шумораи зиёди муҳассилин ба таълиму тарбия, дар ҳудуди вилояти Суғд назир надорад.