Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии "Амид" дар Исфара

5 март дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази савдо ва хизматрасонии "Амид" ба истифода дода шуд.

Масоҳати умумии маркази савдо 620 метри мураббаъ буда, он бо тарҳи муосир ва услуби хосаи меъморӣ бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он фурӯши маҳсулоти гуногун, аз қабили лавозимоти рӯзгор, хӯрока, маҳсулоти гӯштиву ширӣ, хуришҳо, хӯрокҳои тезтайёр, нӯшокиву шириниҳо ва ғайра ба роҳ монда шудааст. 

Баробари ба истифода додани иншооти мазкур 70 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аксари онҳо бонувон мебошанд. Дар маркази нави савдо тамоми талабот ва меъёрҳо риоя шуда, тамоми маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда мустақиман ворид карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки арзиши маҳсулот нисбат ба бозор то 10 дарсад арзон пешкаши мизоҷон гардонида шавад. 

Шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти гуногун идома дошта, корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардида, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳр сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули сурх, муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Равғангарон, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳи таъмири трансфарматорҳо, коргоҳи дуредгарӣ, қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст, боғи истироҳативу фароғатӣ идома дорад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд ва симои шаҳри бостонӣ боз ҳам зебо хоҳад гардид.

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Истаравшан

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нишондодҳои Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Истаравшан бунёди як қатор иншооти гуногун идома дорад.

7 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, ҷараёни бунёдкориҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Варсиқи шаҳр сохтмони бунгоҳи тиббӣ идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа беҳтар хоҳад шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории саховатмандон бунёд гардида истодааст.

Дар деҳаи Чорбоғи шаҳр бошад сохтмони муассисаи таълимӣ иборат аз 38 синфхона идома дошта, бо ифтитоҳи он барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтарин фароҳам оварда мешавад.