Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мегардад, дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон толори варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии иншооти варзишӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 сохта шуда, туҳфаи арзанда ба хонандагон ва дӯстдорони варзиш аст.
Сохтмони иншоот соли 2021 оғоз ёфта, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сокинону соҳибкорон, инчунин саҳмгузории нафароне, ки маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро эҳдо намуданд, қомат афрохта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.