Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 ба номи «Табассум» ба истифода доданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.

Муассисаи томактабии “Табассум” ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа ба тариқи ҳашар сохта шуда, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 22 нафар мураббияҳои ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забони давлатӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-ро мавриди истифода қарор доданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тарҳу сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст ва масоҳати умумии замини он 0,21 гектарро дар бар мегирад.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои маҷлисиву ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои иловагии Маркази саломатии №1-ро мавриди истифода қарор доданд

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид намуданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд.