Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Рўзи кормандони тибро таҷлил намуданд

Дар толори бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо иштироки кормандони соҳа бахшида ба Рузи табибон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Сайфуддин Каримов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва дигарон иштирок намуда, ҳозиринро бо Идӣ касбӣ табрику муборакбод намуданд.

Таъкид гардид, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст”.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят, ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ 592,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 64,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Айни замон, дар вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар ҳафт моҳи соли 2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 53 иншооти нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла 5 беморхона, 12 бунгоҳи саломатӣ, 7 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона ва 25 дорухона ба итмом расонида шуданд.

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки ду сол инҷониб барои тамоми кормандони соҳаи тиб соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди бемории сироятии Ковид – 19 идома дорад. Дар ин муддат табибони вилоят бо ҷасорату матонат ва ҷоннисорӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва наҷоти беморон кӯшида, ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз марг раҳо бахшиданд, ки саҳми кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд назаррас аст.

Сипас ба як қатор фаъолони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанад дар бораи кору пайкори табибон, бахусус дар давраи пандемия намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Санаи 16-уми август бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби кишвар дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавии табибони вилоят бо иштироки роҳбарияти вилоят ва Вазорати соҳавӣ баргузор гардид.

Дар Хуҷанд ба сокинон 10 000 дона ниқоби тиббӣ тақсим карда шуд

24 июн бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд, ки дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» гаштугузор, кору фаъолият ва харид менамуданд, беш аз 10 000 ниқоби тиббии истеҳсоли ватанӣ тақсимот карда шуд.

Масъулин ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳиро қабл аз ҳама баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» маънидод намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилои дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудан, расман пахш карда шуд. Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Дар рафти амалиёти гузаронидашуда дар маконҳои серодам, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, бахусус бозори марказии «Панҷшанбе» аз ҷониби гуруҳи корӣ ба садҳо нафар ашхоси бениқоб ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон дасрас карда шуданд.

Зимни суҳбат аз сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда шуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав аз гаштугузор ва сайругашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо муваққатан худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, фарзандони худро беназорат нагузоранд. Тавсия дода шуд, ки дар марказҳои саломатии ҳудуди зист эмгузаронӣ намоянд, то ин ки аз хатари беморӣ дар канор бошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд