16 апрел дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони бинои таълимии мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», ки аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст, бо маблағи 4 млн 200 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Масоҳати қитъаи замини барои иншоот ҷудогардида 2,23 гектарро ташкил медиҳад.



14 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен”-ро мавриди истифода қарор доданд.
14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.
