Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур баҳри дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбӣ, асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд эълон шуда, даври аввали он моҳҳои май-июн дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм моҳҳои июл-август дар маркази вилоят доир мегардад.



Мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ- «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» («За яркий синтез национальных и мировых театральных традиций») ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ» («За виртуозное исполнение главной музыкальной роли») гардид.
16 апрел дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 мавриди истифода қарор дода шуд.
