Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов даври вилоятии озмуни "Хорсароёни беҳтарин" ташкил ва баргузор гардид.
Тибқи иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов озмуни вилоятии "Хорсароёни беҳтарин" дар асоси фармоиши раёсати маорифи вилоят аз рӯи асари композитор Абдураҳмон Тошматов гузаронида шуд. Ҳадаф аз ташкили озмун дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти фаъолияти маҳфилҳои бадеӣ, рушди жанри хорсароӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, озмун давоми моҳи март - апрел дар се давр - шаҳрӣ - ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ ҷараён гирифта, ба озмуни мазкур беш аз ду ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шуданд.