35 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баъди супоридани имтиҳонот ва ҳимояи рисолаи хатм ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва устодони донишкада иштирок ва чунин иқдоми хатмкунандагонро шоистаи пайравӣ ба дигар ҷавонон номиданд.