ЭЪЛОН: 15 май Дави миллӣ баргузор мегардад

Субҳи рӯзи 15 май дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят Дави миллӣ баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки рӯзи Дави миллӣ бо мақсади ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, тарғиби ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави кишвар баргузор гардида, чун ҳарсола иштирокдорон аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳаракат мекунанд.

Барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои вилоятӣ гузаронида мешавад

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 марти соли 2022, №97 аз санаи 20 май то 24 июни соли 2022 доир хоҳад шуд.

Ҷадвали рӯзҳои баргузории даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ шуд

Ҷадвали рӯзҳои баргузории даври шаҳриву ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ гардид.

Дар асоси ҷадвал дар шаҳру ноҳияҳо ба тартиби зер даври шаҳриву ноҳиявии озмун сурат мегирад: