Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар самти пешгирии савдои одамон

19 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзўи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварӣ дар оила ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа» мизи мудаввар доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят хабар доданд, чорабинӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» доир шуда, дар он намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа», «Чашмаи хаёт» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир шуд

19-уми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, роҳбарияти донишкада, шоираи ширинкалом Гулноз Тоҳирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

СУҒД: Тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо Рӯзи оммавии футболро ҷашн гирифтанд

Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи оммавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё – AFC Grassroots Football Day-ро таҷлил карданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар доданд.

Бахшида ба ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои кӯдакони ятими Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Истаравшан иштирок намуданд.