20 майи соли ҷорӣ дар амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 6000 нафар ҷавонони фаъол чорабинии мутантани идона баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии бошукӯҳи идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва қишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз фаъолияти меҳандустию ватанпарастии ҷавонон вобастагӣ дорад. Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш меафзояд.