24 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг, масъулини раёсати фарҳанг, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанг, директорони осорхона, китобхона, қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо гузаронда шуд.
Семинари омӯзишӣ ва мониторинги соҳавӣ дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.



Дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
1 июни соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
