Қадршиносии ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Бӯстон

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар ҳама давру замон соҳаи иҷтимоиёт масоили мубрам маҳсуб ёфта, илм ва зарфиятҳои илмӣ, омили пешрафту таҳаввули инсоният маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳи он аст, ки инсоният барои расидан ба ҳадафтҳои муайяни худ, аз аҳди бостон то ба имрӯз дар ҷустутҷӯи илм ва маърифат аст. Бояд тазаккур дод, ки дарёфти илму маърифат роҳи осон намуда, заҳматҳои зиёдро тақозо дорад, ки мо онро бо машаққатҳо фатҳ менамоем.

39 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд

28 -уми  майи соли ҷорӣ Олимпиадаи байналмилалии “IQ-FISO” тариқи фосилавӣ аз фанни «Мантиқ» баргузор гардида, аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагон расман эълон гардид.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии озмун ба хонандагони мактабҳои вилоят муяссар гардид, ки 39 медали тилло, нуқра ва биринҷиро дар ин олимпиада ба даст оваранд.

Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ доир гардид

8 июни соли 2022 дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ширкат варзиданд.