Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Панкратион ва грэпплинг (ADCC) доир гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.



Соли ҷорӣ Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷандро 41 нафар хатм мекунанд ва аз ин теъдод 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 миллион доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуданд. Дар ин бора директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода иттилоъ дод.
Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят Суғд бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои милливу умумибашарӣ, Истиқлолият ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони азиз, ривоҷи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бахшида ба 25 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни расм ва мақолаи беҳтаринро дар мавзуи "Ваҳдат - кафили сулҳ" эълон менамояд.
