Дар ноҳияи Ашт барои бунёди 16 синфхонаи иловагӣ хишти аввал гузошта шуд

Дар ноҳияи Ашт барои сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ, ки бо фарогири 156 метри мураббаъ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, хишти аввал гузошта шуд.

Дар маросими гузоштани хишти аввал дар 8 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 ба номи Тӯлқун Хоҷаназарови деҳаи Хӯҷамбердиев, Ҷамоати деҳоти Ошоба ва 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №52 Ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуданд. Ҳамзамон раҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия, собиқадорони меҳнат, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони деҳа ширкат карданд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили "Донандагони осори Пешвои миллат" таъсис ёфт

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ байни кӯдакону наврасон шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили доимоамалкунандаи "Донандагони осори Пешвои миллат" роҳандозӣ карда шуд.

Маҳфили мазкур ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, дар он асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутолеа ва шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар доираи маҳфил хонандагон мулоҳизаи худро баён намуда, тавассути асарҳои арзишманд аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва тамаддуни миллати тоҷик огаҳӣ пайдо мекунанд.

Ҳунармандони театри шаҳри Хоруғ дар Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-ро ба саҳна гузоштанд

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров бегоҳии  22 июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии русии драмма ва мазҳакаи шаҳри Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ пешниҳоди тамошобинон гардид.

Намоишнома  аз рӯи асари драматурги тоҷик Ҷумъа Қуддус,  аз ҷониби коргардони театр Умеди Хисрав таҳия гардида, ҳунармандони театр бо маҳорати баланди касбӣ нақшофарӣ намуданд.