Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 июл ба муносибати Иди Қурбон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар 12 муассисаи иҷтимоии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Спитамен, Ҷаббор Расулов дастархони идона ороста хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби сарпарастон туҳфаҳои идона супорида шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Дар мавзеи таърихии майдони Регистони Бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии паҳншавии сироятёбии бемории ВНМО/БПНМ, бемории сил, солимии репродуктивӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, тарғиби тарзи ҳаёт солим байни аҳолӣ аксияи шаҳрӣ доир гардид.
Дар деҳаи Зарнисори деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
