Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Мастчоҳ боз ду адад мошини ёрии таъҷилӣ дастрас шуд

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби боз ду адад мошини ёрии таъҷилии нав шуданд. Ин кумакҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастраси муассисаҳои КАТС-и ноҳия шудаанд.

Гуфта мешавад, ки нақлиёти ёрии таъҷилӣ истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

Ба истифода додани пули азими километри 267-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

7 июл пули азими воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, ки дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ҷойгир аст, баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Мули мазкур, ки 73 метр дарозӣ дорад, солҳои охир поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт корношоям гардида буд. Азнавсозии ин кӯпруки азим баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдор сурат гирифта, ба сохтмони мазкур 45 нафар мутахассисони ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаи пуриқтидор сафарбар шудаанд.

Дар китобхонаи ДДХ толорҳои нав таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ташкил шуд  

 

Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ду толори нав гардид. Чуноне аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, толорҳои нав таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ифтитоҳ ёфта, ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ  Усмонзода Аюб  Ислом зимни суханронӣ дар бораи зарурияти ин ташаббус сухан намуда, таъкид намуд, ки толорҳо дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани имконияти мусоид барои донишомӯзии донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ монда шудааст.