Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захира намудани маводи хӯрока барои фасли зимистон ва дар асоси нақшаи – чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба консервакунони меваю сабзавотҳо барои зимистонгузаронӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон бонувони ноҳияи Зафаробод бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Маҳсулотҳо бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба тавру тоза захира гардида, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо ба миқдори зарурӣ барои фасли зимистон роҳандозӣ гардидааст. Дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод занон аз сабзавоти тару тозаи замини наздиҳавлигии худ истифода намуда, барои захираи зимистон консерваҳои гуногун омода намуда истодаанд.



Ба муассисаҳои тиббии ноҳияи Ҷаббор Расулов ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.
Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби боз ду адад мошини ёрии таъҷилии нав шуданд. Ин кумакҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастраси муассисаҳои КАТС-и ноҳия шудаанд.
