Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Санаи 16-уми майи соли равон дар толори хурди муассисаи давлатии Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят доир гардид.

Ҷаласаро тибқи талаботи Оиннома аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Дилбар Самадова роҳбарӣ карда, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз санаи 30-юми апрели соли 2021, таҳти №167, “Дар бораи Барномаи давлатии “Стратегияи миллии фаъологардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2011, таҳти №762 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, қарори Раиси вилоят аз 12-уми январи соли 2021, таҳти №15 “Барномаи рушди забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2030” дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода баромад намуда, оид ба иҷрои барнома мувофиқи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод. Мавсуф иброз дошт, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори занон боло рафта истодааст. Алҳол аз 1 миллиону 401,4 нафар занону духтарони вилоят 22610 нафар занони роҳбарикунанда ва 1167 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар (50 фоиз) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар (31,2) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар (31,4) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар (27,3) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар (23 фоиз) вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 (83,3 фоиз) нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 13 нафар доктори илм ва 356 нафар номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият дошта, аз 26 ҳазору 520 нафар заноне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 2887 нафар роҳбар буда, 750 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аз 40 ҳазору 553 нафар духтароне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, беш аз 2959 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омўзиш буда, 506 нафар гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 77 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят мебошанд, - ироз дошт Х.Хоҷазода.

Оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мадинахон Салимзода гузориш дод. Ў иброз намуд, ки имрўзҳо ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур дар 18 шаҳру навоҳии вилоят 1600 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, аз ин шумора 138 адад дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 360 адад мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, 1168 адад дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъол аст. Соли 2021 ба унвони комиссияҳо 1660 аризаи хаттӣ, 2522 адад муроҷиати шифоҳӣ, 1663 адад мактуб вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон ворид гардида, дар 157 ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуда, тибқи қарори раисони шаҳру ноҳияҳо 118 нафар кўдак ба васоят ва 76 нафар ба парасторӣ гирифта шуда, дар асоси халномаҳои судӣ 319 кўдак ба фарзандхондӣ қабул шуданд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, оид ба фаъолияти комиссияи татбиқи қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо гузориш дод ва қайд намуд, ки дар татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ саҳми аҳли зиё, олимону адибон ва воситаҳои ахбори оммаи вилоят назаррас мебошад.

Доир ба масъалаҳои баррасишуда муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят З.Мансурова, котиби масъули ҷамъияти “Дониш” -и вилоят М.Шарифова, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳ.Мӯсозода, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Хуршеди зиндагӣ” С.Ҳасанова, раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон А.Раҳматзод ба музокира баромада, фикру андеша ва пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.

Дар фарҷом муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода ҳамчун ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ баромад намуда, иброз намуд, ки масъалаҳои баррасишуда, воқеан, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа буда, аз ҳар як аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти баланди шаҳрвандиро ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмонидани роҳҳои амалисозии қонуну барномаҳои миллӣ талаб менамояд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ чун рисолати бузурги ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷиҳати татбиқи мақсадноки ин санадҳои муҳими давлатӣ мусоидат менамоянд.

Баъди муҳокимаву баррасии масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд